15 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии чой. Ин нӯшокӣ системаи масуниятро тақвият мебахшад

Декабрь 15, 2020 12:01

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар ҷаҳон Рӯзи  умумиҷаҳонии чой ҷашн гирифта мешавад. Чой яке аз қадимтарин нӯшокиҳои рӯи замин аст, ки манфиат ва маззаи он бо дигар нӯшокиҳо қиёс надорад. Ин нӯшокӣ системаи масуниятро тақвият мебахшад ва ба организм дар мубориза бо бемориҳо ва афсурдарӯҳӣ кумак мекунад.

Ба гуфтаи олимон, чой таърихи куҳан дошта, 2700 сол пеш аз мелод дар дастнависҳои қадимии чинӣ дар бораи он  маълумот зикр шудаанд. Аз ҳамин сабаб олимон макони аслии чойро Чин меҳисобанд.

Аз рӯи маълумоти таърихӣ, кашфи чойро ба императори Чини Ҷанубӣ Чен Нунгу (2737-2697 том.) нисбат медиҳанд. Дарахти худрӯи чой то 10—15 метр қад кашида, дар ҷангалзори Ассами Ҳиндустон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҳинду Чин мерӯяд. Дар Аврупо чой соли 1600 ба туфайли ширкати британиягии «Ост-Ҳинд» пайдо шудааст. Дар дунё  1,5 млн гектар чойзор мавҷуданд, ки аз онҳо соле 1,5 млн тонна чойи хушк ҷамъоварӣ мешавад. Дар Ҳиндустон дар як сол то 500 ҳазор тонна, Шри Ланка 215 ҳазор тонна, Чин  200 ҳазор тонна ва дар ИДМ 72 ҳазор тонна чой истеҳсол мекунанд.

Дар солҳои аввали пайдоиш чой ҳамчун дору истифода бурда мешуд. Ҳоло он ба нӯшокии муқаррарии ҳаррӯза табдил ёфтааст. Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд бештар маъмуланд.
Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Сардори шуъбаи фармакокнозияи технологияи дору ва биологияи Муассисаи давлатии Маркази илмию тадқиқотии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷасур Ҷалилов иброз намуд, ки «чойи кабуд намуди аслии гиёҳ мебошад, ки дар таркиби он моддаҳои фаъоли биологӣ бештар аст. Чойи сиёҳ — ин шакли коркардшуда, яъне сӯхташудаи гиёҳ мебошад. Ин намуди чой ба организм таъсири манфии кам дорад ва  бештар барои бартараф кардани ташнагӣ истифода бурда мешавад».

Мавсуф зикр намуд, ки «чойе, ки мо менӯшем, моддаҳои даббоғӣ, витаминҳо, алкалоидҳо, кофеин ва ғайраҳо дорад. Инчунин мисли равғани эфир моддаҳои муфид дорад. Он хусусияти зиддимикробӣ дошта, барои аз организм хориҷ шудани моддаи радиоактивии стронсий мусоидат мекунад. Чой,  алалхусус чойи кабуд нӯшокии қувватбахш ва ташнагишикан аст».

Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст, ки чойро бурида, дар зарфҳо  мехушконанд ва гоҳи зарурӣ аз он бо оби ҷӯш нӯшиданӣ тайёр мекунанд, ки табшикан ва софгари хун буда, инчунин зарари майро бартараф менамояд.

Тавре мутахассисони Институти вирусшиносии молекулавии маркази тиббии Донишгоҳи Улм маълумот додаанд, шарбати анор ва чойи сабз низ таъсири шадидтарини зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд — онҳо метавонанд то 80 фоизи коронавирусро нобуд кунанд. Ин шарбат ва чой муҳити туршро ба вуҷуд меоранд ва дорои полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки дар онҳо вирус наметавонад зинда бимонад.

Бояд гуфт, ки солҳои 1934-1935 дар замони Шӯравӣ ин зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Натиҷаи таҳқиқот муайян кард, ки ба ғайр аз лимӯ ва афлесун дигар зироат ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд. Хусусан барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон ба он мувофиқ нест.

Бояд тазаккур дод, ки чой масуниятро баланд мебардорад, сатҳи холестерини хунро паст мекунад ва таъсири зидди саратон ва антиоксидант дорад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки бештар чой нӯшанд, алахусус дар давраи сармохӯрии мавсимӣ. Ҳамчунин  нӯшидани чой, ки дар таркибаш кофеин ва танин мавҷуд аст, як навъ пешгирии бемориҳои дилу раг мебошад, зеро моддаҳои муфиди дар он мавҷуда на танҳо рагҳои хунро тоза мекунанд, балки чандирии онҳоро низ меафзоянд.

Тибқи маълумоти мутахассисон, чойи кабудро на зиёда аз ду рӯз ва чойи сиёҳро аз ду ҳафта то як моҳ коркард мекунанд. Давоми коркард чой тираранг мешавад ва накҳати хоси худро пайдо мекунад. Чойи кабуд ва сиёҳи босифат ба муолиҷаи касалиҳои дилу рагҳо, системаи асаб, меъдаву рӯда, дандон ва милк, мубодилаи моддаҳо дар бадан, саратон, касалиҳои чашм ва касалии қанд мусоидат мекунанд. Таркиби чойи сиёҳ аз танин, кофеин, сафедаҳо ва аминокислотаҳо, фосфор, фтор, калий, карбогидратҳо, пектин ва витаминҳои гуногун бой мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ