18 декабр таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад

Декабрь 11, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар шакли конфронси видеоӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Президентҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, таҳрири нави Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи онро баррасӣ  мекунанд, ҳисоботро дар бораи рушд ва таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мешунаванд.

Интизор меравад, ки сарони давлатҳо ду изҳороти муштаракро — ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ имзо мекунанд.

Тасвиби асноде, ки ҳамкории кишварҳои ИДМ-ро дар соҳаҳои гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ ва таҳкими амнияти сарҳадотро дар марзҳои берунӣ танзим мекунанд, низ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар бораи раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 тасмим гирифта хоҳад шуд.

                                                                                            АКС аз бойгонӣ

Декабрь 11, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид