18 нафар бонувони маъюб дар Душанбе ҳунари қаннодӣ омӯхтанд

Декабрь 11, 2020 11:34

ДУШАНБЕ,11.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба одамони маъюбиятдошта, ки курсҳои навбатии қаннодиро дар шаҳри Душанбе хатм кардаанд, баргузор гардид. Курсҳои мазкур дар доираи яке аз барномаҳои лоиҳа — «Барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат» дар  Маркази омӯзиши калонсолони шаҳри Душанбе баргузор шуаднд. Давомнокии курсҳо як моҳро ташкил дода, дар онҳо 18 нафар одамони дорои имконияти маҳдуд  ҳунар омӯхтанд.

Яке аз хатмкунандаҳои курсҳои номбурда Нилуфар Исматова, сокини 27- солаи ноҳияи Рудакӣ мебошад. Ирода ва азми қавии Нилуфар барои аз худ кардани нозукиҳои ҳунари нав мояи ифтихор ва ибрати ҳамсабақон ва устодаш гашт. Номбурда  маъюби гурӯҳи як аз чашм аст. Бо дастгирӣ ва кӯмаки наздикон ӯ ҳунари бофандагӣ ва мӯҳрасозиро аз худ кардааст ва маҳсулоти зебову ҷаззоб меофарад. Шавқи зиёд ба пухтупаз ӯро ба даргоҳи «Маркази омӯзиши калонсолон» овард. Маълумот дар мавриди курсҳои омӯзиширо Нилуфар аз дӯстонаш шунид ва бо дуо ва иҷозати волидайн давоми як моҳ, ҳар рӯз, ба Душанбе барои аз худ кардани нозукиҳои ҳунари қаннодӣ меомад. Мушкили аввалин дар ин ҷода, ки Нилуфар бо он бархурд ин забони омӯзиш, яъне забони русӣ буд.

«Ман тарсидам, ба худ гуфтам, ман намебинам ва боз бар иловаи ин агар суханони устодро нафаҳмам, пас ман чи гуна як касби навро меомӯзам. Аммо муаллима хеле ором, пуртоқат ва меҳрубонона ба мо мефаҳмонд. Акнун ман бар иловаи аз худ кардани нозукиҳои ҳунари қаннодӣ боз забони русиро дар сатҳи муошират аз худ кардам», -мегӯяд бо хушнудӣ  Нилуфар.

Малака ва шаҳодатномаи тасдиқкунандаи дониш ва ҳунари нав барои Нилуфар ҳисси бештари мустақилиятро медиҳад ва ин ҳам анҷоми талошҳояш нест. Нилуфар суханони бибиашро, ки мегӯяд “Шамшери дасти зан ҳунар аст” шиори зиндагиаш кардаасту акнун нақша дорад ҳунари дӯзандагиро бо тамоми нозукиҳояш аз худ кунад.

Сабоҳат Қодирова, зодаи ноҳияи Шаҳринав, ҳамтақдири Нилуфар, яъне маъюби гурӯҳи як аз чашм аст. Дар вақти гузаштани муолиҷа дар шаҳри Душанбе аз дӯстонаш дар бораи кушодани курсҳои омӯзишии қаннодӣ дар доираи “Барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат”-и яке аз лоиҳаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шунид ва тасмим гирифт, ки аз он баҳра гирад. Муомилаи хуби ҳамсабақон ва меҳрубониву малакаи таълимдиҳии аълои муаллима Фотима Саторовна тамоми тарсу ҳароси Сабоҳатро дур карду, ӯ имруз мустақилона метавонад шириниҳо бипазад.

“Вақте хамирро тайер мекардем, муаллима мегуфтанд, ки капида мулоим ё сахт буданашро ҳис кунед, маззаи кремро чашида ба ёд гиред, ки шириниаш то кадом андоза бояд бошад. Ҳамин тавр ёд гирифтем”,- мегӯяд  бо қаноатмандӣ Сабоҳат. Ӯ муррабо ва консерва барои зимистон омода мекунад ва дар мағоза ба фурӯш мегузорад. Акнун, ки ҳунари навро аз худ кард Сабоҳат мехоҳад шириниҳо бипазад ва онро низ дар мағоза барои фурӯш пешниҳод кунад.

“Ба хона рафта аввал барои падару модарам кулчақанди “сникерс” мепазам. Аз онҳо дуо гирифта корамро шурӯъ мекунам. Умедворам ин ҳунари нави ман ҳатман барои пеш бурдани рӯзгорам кӯмак мерасонад”- меафзояд Сабоҳат.

Саодат Мусоева ду фарзанди маъюб дорад. Рӯзаш ба нигоҳубини фарзандонаш мегузарад ва наметавонад ба муддати тӯлонӣ онҳоро  дар хона танҳо гузорад. Хабари кушода шудани курсҳои ройгон барои дастгирии оилаҳои ниёзманд ба гушаш расиду, ӯ аз истифодаи ин имконият даст накашид. Давоми як моҳ ба курсҳои қаннодӣ омада аз омӯзишҳо баҳра гирифт. Саодат мегуяд: “Мо модароне, ки фарзанди маъюбро ба танҳои калон мекунем наметавонем ба осудагиву осонӣ ба корҳои давлатӣ ҷалб шавем. Бояд дар фикри фарзандамон бошему рӯзгорро низ худамон кашонем. Ягона роҳе, ки метавонад бароямон кумак расонад ин аз худ кардани ҳунари нав ҳасту аз ҳисоби он ризқу рӯзиро пайдо кардан аст”.

Саодат акнун бо дили пур шириниҳо пухта ба фурӯш мегузорад ва умед дорад, ки сафи дустдорони шириниҳояш афзояду фармоишҳо барои тайёр кардани кулчақандҳо зиёд шаванд.

Бунафша Файзуллоева маълумот дар барои лоиҳа ва курсҳои омӯзиширо аз радио шунид ва духтараш яке аз ин курсҳоро гузашта соҳиби шаҳодатнома гаштааст. Бунафша дар ноҳияи Рудакӣ зиндагӣ мекунад ва мехоҳад пас аз хатми курси қаннодӣ ва гирифтани шаҳодатнома духтарони ҷавони ноҳияро бо нозукиҳои ин ҳунар омӯзонад. Аз ин рӯ, аз ин курсҳо ҳамчунин тарзи таълимдиҳиро аз муаллима омӯхт. “Ният дорам, ҳатто бепул ҳам бошад, дар хона барои духтарони ҷавон курсҳо гузаронам. Се духтарро ҳам агар ёд диҳаму ӯ пагоҳ ба шавҳар баромада, барояш як чизи бомазза тайер карда монад, ман худро хушҳол меҳисобам. Кӯшишам танҳо ба хотири хонаи ободи духтарони ҷавон аст”,- мегӯяд Бунафша.

Декабрь 11, 2020 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт расиданд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 10 ҳазор ҷавони гуногункасб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил шуд
Дар Озарбойҷон оид ба масъалаҳои оила, занон ва кӯдакон дар самти баробарии гендерӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонон доир шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши занону духтарони шаҳри Душанбе баргузор гардид
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон 24-25 май боронҳои пуршиддат, сел, жола ва раъду барқ дар назар аст
«ШАРОРАИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Оид ба нақшии калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамоиш доир гардид
БА ТАЪСИСИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН 27 СОЛ ПУР ШУД. Назарпурсӣ оид ба фаъолияти ҷавонон дар ҷавоб ба дастгириҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошанд»
Ҷавонони тоҷик дар моварои ҳаводиси сайёра ва таҳмили ғояҳои экстремистӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
«ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА-МАРОМИ МО». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавон баргузор шуд