28 нафар динамочиёни наврас дар мусобиқа оид ба каратэ-кёкушинкай соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-кёкушинкай байни наврасон, ки 5-6 декабр дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ба чанд дастоварди назаррас соҳиб гардиданд. Дар ин мусобиқа дастаи мазкурро 39 нафар дастпарварони Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Саидаҳмад Раҳмонов намояндагӣ карданд. Мояи ифтихор аст, ки 28 нафар динамочиёни наврас соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷумла 7 нафар мақоми аввал, 10 нафар зинаи дуюм ва 11 нафар мақоми сеюмро соҳиб гаштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур 8 дастаи мактабҳои варзишӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ширкат варзиданд.
Зинаҳои фахрии аввалро дар синни 6-7 Ҳилол Аминов дар вазни 20 кило ва Муҳаммад Раҳмонзода дар вазни 25 кило, дар синни 8-9 Меҳрдод Ширинбеков дар вазни 30 кило, дар синни 10-11 Наҷибулло Худойназаров дар вазни 30 кило ва Сулаймон Бобоев дар вазни беш аз 50 кило, инчунин дар синни 12-13 Иброҳим Қодиров дар вазни 40 кило ва Латифҷон Назаров дар вазни 45 кило мушарраф гардиданд.
Ғолибон бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони мусобиқа қадрдонӣ карда шуданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






