Ҳамкории Тоҷикистону Германия дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад

Декабрь 12, 2020 11:16

ДУШАНБЕ, 12.12.2020 / АМИТ «Ховар»/. Дар доираи машваратҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории  молиявию техникӣ  бо иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Германия видеоконфронс доир гардид.

Тавре  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар додан, зимн вилеоконфронс Ғафур Муҳсинзода вазъи ҳамкории  ҷумҳуриро  бо Германия  мусбат арзёбӣ  намуда, зикр  намуд, ки ин ҳамкорӣ  асосан ба масъалаҳои дастрасии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, хусусан хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, соҳаи модару кудак, танзими оила, таъмини бехатарии хӯрокӣ, пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил нигаронида шудааст.

Ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки ҳамкории соҳаи тандурустии Тоҷикистону Германия барои расонидани хадамоти босифати тандурустӣ дар доираи SDG 3 бо мақсади беҳтар намудани саломатии аҳолии Тоҷикистон равона карда шудааст. Тибқи  он бояд ба беҳтар шудани дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, алахусус дар деҳот ба хидматҳои асосии тиббӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва ба таври устувор маблағгузорӣ мешаванд, кӯмак кунад.

Инчунин, дар рафти ҷаласаи онлайнӣ ҷонибҳо оид ба тавсеа бахшидани ҳамкорӣ  дар самти мубориза бар зидди бемории сил, хизматрасонии босифати тиббӣ ба модар ва кӯдак, таъмини амнияти озуқавории модарон ва кӯдакон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда барои иҷрои Протоколи машваратҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории  молиявию техникӣ тадбирҳои  зарурӣ  меандешад.

Декабрь 12, 2020 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад