БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ТО БА КАЙ? Милитсияи Суғд нисбат ба волидайни бепарво 1837 санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дод

Декабрь 23, 2020 15:32

ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Суғд дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба волидайни наврасону ноболиғон 1837 санад тартиб дода шудааст. Аз ин шумора ба 749 нафар шаҳрвандон огоҳӣ дода шуда, 948 нафар ҷарима гардидаанд. Инчунин 136 санад дар додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар зинаи баррасӣ қарор доранд.

Дар ин бора  сардори маркази иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар дод.

Кормандони шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар шаҳри Хуҷанд чанде пеш ҳангоми гузаронидани санҷишҳои шабонаю рӯзона дар толорҳои бозӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ далелҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро ошкор намуданд.

Зикр гардид, ки «тибқи моддаи 8 ин қонун волидайн вазифадоранд шабона ҳузури кӯдакони то 18-соларо дар марказҳои фароғатӣ пешгирӣ кунанд, инчунин аз соати 18.00 то 6.00 рафтани фарзанди ноболиғи худро ба марказҳои дорои бозиҳои компютерӣ ё хидматҳои интернетӣ манъ кунанд. Бо вуҷуди ин талабот кормандони милитсия далелҳоеро ошкор карданд, ки наврасон-хонандагони мактабҳо вақти худро дар толорҳои бозӣ гузаронидаанд. Масалан, шомгоҳон се шогирди гимназияи №4 ва як хонандаи мактаби рақами 13-и шаҳри Хуҷанд дар утоқи бозиҳои компютерӣ буданд. Инчунин  7 нафар толибилмони гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд рӯзона низ дар муассисаҳои ба ин монанд ва бозиҳои мамнӯъ бозӣ мекарданд. Ҳамзамон наврасон бо худ маводи таълимӣ доштанд. Аз рӯи  далелҳои ошкоршуда  тибқи моддаи 90 Кодекси маъмурии Тоҷикистон санадҳо тартиб дода шуданд», — гуфт сардори маркази матбуоти маъмурияти ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифов.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин утоқҳои бозӣ ва марказҳои хидматрасонӣ ба ҷуз наврасон донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни шаҳр низ буданд.

Аз ҷумла, 13 донишҷӯи факултетҳои физика, иқтисод ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, 1 донишҷӯи факултаи молия ва баҳисобгирии ДДХ, 3 донишҷӯи литсейи касбии N31 шаҳри Хуҷанд ва 7 донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон низ ба қайд гирифта шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин нуқтаҳо ва марказҳо тавсияҳои табибон ва мутахассисонро оид ба пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 иҷро намекунанд. Зеро дар толорҳои бозӣ масофаи иҷтимоӣ риоя нагардида, меҳмонон ниқобҳои муҳофизатӣ надоранд ва маводи безараргардонӣ низ мушоҳида намегардад. Инчунин ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷра ҳарорат чен карда намешавад, ки ҳамаи ин метавонад ба оқибатҳои манфӣ барад.

Декабрь 23, 2020 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад