COVID-19. Дар Тоҷикистон 95,9% гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Декабрь 22, 2020 19:22

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 22 декабр ба 13034 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  12496 (95,9%) баробар гардид. Ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 22 декабр бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Декабрь 22, 2020 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ
Абдухалил Ғафурзода: «Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамзистии кулли башарият аст»
Субҳиддин Шамсиддинзода: ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
ЧЕҲРАЕ МУНАВВАР ДАР САМОИ СИЁСАТИ ДАВРОН. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бо номи Президенти мамлакат алоқаманд аст
Сарвари давлат: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо пажӯҳиш, ҷамъоварию коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо менамояд»
ХУШХАБАР! «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»
Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар ақсои ҷаҳон беназир аст
Президенти Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро дар муқобила бо офатҳои обу иқлим пешниҳод намуданд
Имрӯз дар Душанбе Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад