Дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 2, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 02.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр ҷашн гирифта мешавад, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати “мизи мудаввар” доир гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ ширкат намуданд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи қарори Ассамблеяи генералии СММ ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон пешбурди ҳуқуқи маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин ҷалб намудани таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

Зимни ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ  дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамасола дар баробари дигар давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҳуқуқи инсонро таҷлил менамояд. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола силсилачорабиниҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки муддати як ҳафта идома ёфта, 10 декабр ҷамъбаст карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла кӯдакони маъюб тадбирҳои дахлдор андешида шуда, амалисозии якчанд консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки иқдоми мазкур дар раванди бунёди ҷомеаи таҳаммулпазир ва аз монеаҳои иҷтимоӣ озод қадами муҳим мебошад.

Декабрь 2, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад