Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ гардид

Декабрь 21, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» барои рушди иқтидори миллии Тоҷикистон оид ба истифодаи омори демографӣ ҷиҳати беҳтар намудани дурнамои дарозмуддат ва моделсозӣ дар ин самт, инчунин барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор гардида буд, равона шудааст. Ин нукта дар маросими расмии ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи татбиқи Лоиҳаи намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон (UNFPA) «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» дар соли 2020, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ доир гардид, зикр шуд.

Дар нишаст аз ҷониби намояндагони Хазинаи нуфуси СММ муаррифии умумии лоиҳаи мазкур баргузор гардида, оид ба  корҳои анҷомдодашуда дар соли 2020  ҳисобот дода шуда,  нақшаҳо барои соли 2021 рӯнамоӣ гардиданд.

-Дар нақшаи солҳои 2021-2023 гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати тақвияти неруи дурнамосозӣ ва моделсозии мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор дар мамлакат ва дигар чорабиниҳо дар самти тақвияти омори демографӣ пешбинӣ шудааст,- зикр шуд зимни нишаст.

Аз Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи  татбиқи лоиҳаи мазкур муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  Ашӯрбой Солеҳзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ, муовини директори Агентии омор Қиёмиддин Давлатзода, намояндагони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок  ва сухан карданд.

Декабрь 21, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид