Дар Конгресси V байналмилалии «Мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ» ёдгории беназир — «Ҳулбук» муаррифӣ шуд

Декабрь 2, 2020 13:24

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Конгресси V байналмилалии «Мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ» 1 декабр дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, ки дар он коршиносон аз кишварҳои ИДМ, мутахассисони Шӯрои байналмилалии ҳифзи ёдгориҳо ва сайтҳо (ICOMOS), намояндагони ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ дар Россия ва кишварҳои ИДМ, намояндагони шуъбаҳои махсусгардонидашудаи федералӣ ва минтақавӣ, ташкилоти динӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин коршиносони байналмилалӣ, ки дар минтақаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ ҷойгиранд, итирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шералӣ Хоҷаев муаррифӣ карда, яке аз ҷойҳои нодири Тоҷикистон — Маҷмааи бостоншиносии таърихӣ ва фарҳангии «Ҳулбук» -ро муаррифӣ намуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар видеоконфронс масъалаҳои таъмини ҳифзи ёдгориҳое, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ дохил карда шудаанд, аз ҷониби иштирокчиён барои наслҳои оянда баррасӣ гардиданд.

Мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шералӣ Хоҷаев  иброз намуд, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки «Ҳулбук» шаҳри бостонӣ ва пойтахти Хатлон аст. Ин шаҳр дар ҳама давраҳои мавҷудияти худ маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии салтанати Хуталони қадим будааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2009 дар Сиан — пойтахти фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар баробари 8 ёдгории беназири халқи тоҷик «Ҳулбук» низ ба рӯйхати пешакии шаҳрҳои «Роҳи бузурги абрешим» аз ҷониби ЮНЕСКО шомил карда шуд ва бо ҷоизаи махсус сарфароз гардид.

Декабрь 2, 2020 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд