Дар Маҷлиси миллӣ вазъи амалигардонии қонун «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима карданд

Декабрь 11, 2020 14:57

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  тибқи дастури  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҷлиси миллӣ  муҳокимаи парламентӣ  доир гардид.  Муҳокимаи  мазкур  таҳти раёсати  Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода дар мавзӯи «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сурат  гирифт.

Тавре аз Маҷлиси миллӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар муҳокимаи парламентӣ аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ  Қурбон Ҳакимзода дар  оғози муҳокима комплекси агросаноатиро яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда,  таъкид кард, ки тараққиёт ва рушди он боиси афзудани истеҳсолот ва некӯаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ мегардад.

«Ҳамоиши  имрӯза барои пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард”,-афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки комлекси агросаноатии ҷумҳурӣ  аз рӯи ҳисса, дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, бахшҳои саноат бо ашёи хом ва шумораи аҳолии дар он шуғлдошта, яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бахши кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи таркибии комплекси агросаноатӣ айни замон 21 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили шаклҳои устувори хоҷагидорӣ, кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати таъминоти ҳуқуқии устувори соҳа кодексҳои гражданӣ, андоз, об, замин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи байторӣ» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Зимни муҳокимаи парламентӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир ба масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ: мушкилот ва дурнамо», «Таҳлили тамоюлҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳолат ва дурнамои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки таҳлилу арзёбии масъалаҳои соҳа аз ҷониби мутахассисони варзида, барои омодасозӣ ва такмили қонунгузории мамлакат басо муҳим буда, таклифу пешниҳодҳои имрӯза дар заминаи асосноккуниҳои ҷиддӣ ва ҳамкории аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор дар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  инъикос ва ба баррасии Ҳукумат ва парламенти мамлакат  манзур карда мешаванд.

Дар фарҷом бо инобати таклифу дархостҳо ва пешниҳоди иштирокчиёни ҷамъомади  имрӯза тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул гардид, ки онҳо барои амалӣ гардидан  ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда хоҳанд шуд.

Декабрь 11, 2020 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд