ДАР МИНСК ҶАЛАСАИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИМИИ КИШВАРҲОИ ИДМ БАРГУЗОР ШУД. М. Ҳақдод дар бораи раёсат ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ва СААД дар соли 2021 маълумот пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва мақомоти дигари Иттиҳод баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва мақомоти дигари ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод дар бораи давраи раёсат ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда дар доираи СҲШ ва СААД сухан гуфт.
Иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Иттиҳод, Шӯрои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро оид ба татбиқи дастурҳое, ки аз қарорҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ бармеоянд (6 ноябри соли 2020), инчунин пешниҳодҳои зимни ин ҷаласа ибрознамудаи сарони ҳайатҳоро тасдиқ карданд.
Аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар соли 2020 ҷамъбаст ва нақшаи кориро барои соли 2021 муҳокима карданд.
Соли равон ҳамагӣ 13 ҷаласаи Шӯро баргузор шуд, ки дар онҳо зиёда аз 70 масъала дар бораи ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узви ИДМ, натиҷаҳои ҷаласаҳои мақомоти олии Иттиҳод ва иҷрои санадҳои қабулкардаи онҳо баррасӣ шуданд. Рӯзномаҳои ҷаласаҳои Шӯрои намояндагони доимӣ бо назардошти вазифаҳои афзалиятноки рушди ИДМ, Консепсияи раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ мураттаб шуда буданд. Бо сабаби вазъи мураккаби эпидемиологӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои Шӯрои Намояндагони доимӣ бо истифода аз алоқаи конфронси видеӣ баргузор мешуданд.
Аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ инчунин пешниҳодҳоро ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки қарор аст 2 апрели соли 2021 дар Федератсияи Россия баргузор шавад, баррасӣ ва номзадии раиси Шӯрои Фонди интихоботи озоди Россия Василий Волковро ба ҳайси роҳбари миссияи нозирони ИДМ дар интихоботи қабл аз муҳлати президентӣ ва раъйпурсӣ оид ба муайян кардани шакли идоракунии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 10 январи соли 2021 доир мешаванд, мувофиқа карданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус М. Ҳақдод дар бораи давраи раёсат ва ҳамкорӣ дар СҲШ ва СААД ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат варзид.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимӣ 26 январи соли 2021 баргузор мешавад.
Акси хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Намояндаи Тоҷикистон бо котиби иҷроияи Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ мулоқот намуд
Дар Ҳамбург дурнамои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии музофот бо Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Токио мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардид
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
Дар Сеул либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карда шуданд
Намояндаи Тоҷикистон бо мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ мулоқот намуд
Дар Давлати Кувайт таҳти сарпарастии Тоҷикистон вохӯрии сафирони кишварҳои муқим баргузор гардид
Дар шаҳри Минск деворнигора бахшида ба Домулло Азизов кушода шуд
Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири маорифи Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми глобалии Эътилофи тамаддунҳои СММ иштирок намуд






