Дар вилояти Суғд саршумори чорвои калон, моли майда, паранда ва асп зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд саршумори чорвои калон ба 667,1 ҳазор сар, чорвои майда 1,6 миллион сар, паранда 5 миллион сар ва асп 8472 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан чорвои калон 5,8 ҳазор сар, моли майда 16 ҳазор сар, паранда 1,2 миллион сар ва асп 77 сар зиёд гардидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Барои амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул гардид, ки он ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшту шир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бунёд ва барқароркунии фермаҳои чорвопарварӣ, корхонаҳои парандапарварӣ, ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ, инчунин рушди соҳаҳои занбӯрисалпарварию қутоспарварӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар вилоят давоми даҳ моҳи соли равон зиёдшавии саршумори чорвою паранда ва истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорвопарварӣ барзиёд таъмин карда шуд.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 38,7 ҳазор тонна гӯшт, 209,6 ҳазор тонна шир, зиёда аз 487,7 миллион дона тухм, 1546,4 тонна пашм, 1388 тонна асал ва 524 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан гӯшт 5388 тонна, шир 3495 тонна, тухм 146,7 миллион дона, пашм 33 тонна, асал 19 тонна ва гӯшти моҳӣ 327 тонна зиёд мебошад.








Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад






