Ду корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон дар озмуни ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ду ширкати истеҳсолии Тоҷикистон — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» дар озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ғолиб омаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт».
Бино ба иттилои манбаъ, ҷоизаи озмун ба ғолибон 22 декабр дар доираи ҷаласаи 58-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба таври видеоконференсия доир гардид, тақдим шуд.
«Дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» (истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ) аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» (истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, ҷўроб) аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур пешбарӣ шуда буданд. Дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки санаи 13 марти соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои балантарини озмун – Лауреати озмун сарфароз гаштанд», — илова намуд манбаъ.
Дар «Тоҷикстандарт» зикр намуданд, ки ҳоло дар вилоятҳои Суғду Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ барои иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ дар озмуни мазкур дар соли 2021 ҷараён доранд.











САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






