Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO) соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Декабрь 18, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO), ки  тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, дар олимпиадаи мазкур аз 38 кишвари дунё зиёда аз 190 нафар хонандагон иштирок доштанд.

Хонандагоне, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO) ғолиб шуданд, таълимгирандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе мебошанд. Хонандаи синфи 11 Далер Пиров соҳиби ҷой 2-юм,  хонандаи синфи 10   Маҳмадхуҷа Камолиддинзода  ва хонандаи синфи 10   Абдураҳмон Абдулҳамидов соҳиби ҷойҳои 3-юм шуданд.

Ҳамчунин хонандаи синфи 11 Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе Яҳё Шамсиев ва хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Абдуллоҷон Юсупов соҳиби ифтихорнома гардиданд.

Декабрь 18, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид