ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Наврасону ҷавонони дорои имконияти маҳдуд дар «Литсейи касбии махсуси маъюбон» ҳунар меомӯзанд

Декабрь 3, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии  маъюбон   таҷлил мегардад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Вобаста ба Рӯзи байналмилалии маъюбон хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо директори Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед ИСМАТУЛЛОЗОДА ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф дар робита ба таҷлили Рӯзи маъюбон дар ҷумҳурӣ чунин изҳори назар намуд:

-Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» барои касбомўзӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландпоя аз ҳисоби шахсони ниёзманди ҷомеа-  маъюбон, ятимон, бепарасторон ва нафароне, ки волидонашон маъюби гурўҳи 1 ва 2 мебошанд, фаъолият менамояд. Айни ҳол дар муассиса шумораи умумии хонандагон 252 нафарро ташкил дода, аз ин шумора  100  нафар  маъюб, 5 нафар ятими кулл, 35 нафар нимятим ва 112 нафар аз оилаҳои  дорои маъюб мебошанд. Аз теъдоди зикргардида 84 нафар духтар ва 168 нафар писар буда, 205 нафар дар таъмини давлатӣ қарор дошта, бо ҷойи хоб, се вақт хӯроки гарм, доруворӣ, либосворӣ, идрорпулӣ ва истироҳат дар истироҳатгоҳ таъмин мебошанд.

Дар таълимгоҳи мазкур  аз рўи ихтисосҳои зерин:  радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион, системаи компютерӣ ва интернет, технология, ҳисобдор бо донистани компютер,  дӯзанда, пойафзолдӯз, устои дастгоҳҳои хунуккунандаи системаи савдо мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар ин муассиса 88 нафар фаъолияти корӣ доранд, ки аз инҳо 38 нафар омӯзгорон, 3 нафар табибони дараҷаи олӣ, 7 нафар ҳамшираҳои тиб буда, дигарон дар бахши муҳофизу корманди ошханаву хоҷагидор фаъолият мекунанд.

Аз шумораи умумии хонандагон 134  нафар  имсол муассисаро  хатм намудаанд. Дар соли хониши 2020-2021 ба муассисаи таълимӣ 144 нафар хонанда қабул карда шуд, ки аз онҳо 43 нафар духтарон ва 101 нафар писарон мебошанд. Айни ҳол шумораи умумии хонандагони муассиса 252 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соли хониши равон 11 гурўҳ фаъолият менамоянд, ки аз ин 5 гурўҳи бахши дуюм, 5 гурўҳи бахши якум ва 1 гурўҳи пойафзодўзии яксола мебошанд.

«Литсейи касбии махсуси маъюбон» дорои бинои таълимии сеошёна буда, дар он 10 синфхонаи назариявӣ, 6 устохона, аз ҷумла 1-то устохонаи пойафзолдўзӣ, 2 устохона оид ба таъмир ва хизматрасонии радио ва телевизион, 2 устохонаи дўзандагӣ, 1 устохонаи таъмири дастгоҳҳои сардкунандаи системаи савдо, 2 синфхонаи компютерӣ (пайваст бо шабакаи интернетӣ), 3 синфхонаи ҳисобдорӣ, ки 1-тоаш бо компютерҳои барномаи  «1-С»-и муҳосибӣ таҷҳизонида шудааст  ва 4- то ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир шудаанд.

Муассисаи таълимӣ дорои бинои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, қироатхона, майдончаи варзишӣ, ҷомашўйхона, анбор ва истироҳатгоҳ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат  мебошад.

Ҳамчунин дар муассиса бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамояд, ки ба солимгардонии хонандагон равона буда, ҳамаи ҳуҷраҳои тиббӣ ва тавонбахшӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таҷҳизанд. Барои беҳтарсозии саломатии хонандагони маъюб утоқи тавонбахшӣ амал мекунад, ки дар он мутахассисон барои беҳбудии саломатии хонандагони маъюб кор мебаранд. Дар утоқи тавонбахшӣ воситаҳои ҳаракатдиҳандаи узвҳои бадан, маҳси бадан, велотренажорҳо, сандалии барқӣ, УФО ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ вуҷуд доранд.

Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Оинномаи муассиса фаъолият менамояд.

Тавре Хуршед Исматуллозода зикр намуд,  Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» соли 1948 ҳамчун Мактаб-интернати касбӣ барои маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил шуда, соли 1960  ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, соли 1998 бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 26 ноябри соли 1998 ба Литсей-интернати махсус, соли 2001 ба Литсей-интернати махсуси маъюбон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 ба Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2014 ба Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст.

-Филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунад,-гуфт дар анҷоми суҳбат  номбурда.

Декабрь 3, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад