Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд

Декабрь 11, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 11.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дирӯз бо директори Бюрои Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳоҷират — Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқоти расмӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот намояндаи Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи лоиҳаҳои он марбут ба расонидани мадади  иҷтимоӣ ба иттиҳодияҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва  кумак ба мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи коронавирус ва давраи баъди анҷоми ин бемории ҳамагир иттилои муфассал дод. Дар атрофи ин мавзӯъ мубодилаи афкори озоду муфид сурат гирифт.

Ба мавзӯи мушкилоту тазодҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск ва умуман ба  минтақаи Урал, ва роҳу василаҳои бартараф кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар пасманзари раванди муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи тоҷикистониён ба минтақаи Урал аҳамияти  амалии ба кор гирифтани чунин имконот, ба мисли таҳсили қаблӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии россиягӣ ва иқомат дар хобгоҳҳои модулӣ, махсус таъкид гардид. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мунтазами судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Дар мулоқот намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, раиси ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск  «Уральский  дом» Леонид Гришин бо ҳамкораш Рафаэл Серажидинов иштирок  карданд.

Декабрь 11, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид