МАНДАРИН: ФОИДА ВА ЗИЁНИ ОН. Дар ин бора мутахассиси ДДТТ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» маслиҳатҳои муфид дод

Декабрь 19, 2020 09:23

 ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли аз ҳад зиёди мандарин ба саломатии инсон зарар дорад, зеро дар таркиби ин меваи ситрусӣ фуруктоза зиёд буда, он ба орзанизми инсон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин бора зимни  суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба ғизо Пайрав МАМАДҶОНОВ иброз дошт.

Бино ба гуфтаи ӯ,  одатан дар ин айём бозорҳои мо, шукр, ки аз мандарин пур мешаванд, он яке аз меваҳои болдогузар рӯи дастархони солинавии мардуми мо хоҳад буд. Вале фаромӯш набояд кард, ки истеъмоли мандарин ба нафарони гирифтори бемории илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас  ва аллергия тавсия дода намешавад. Зеро  ҳангоми чунин бемориҳо сулфа ва хориши роҳҳои нафас, ки аз истеъмили мандарнин ба вуҷуд меояд, зиёд шуда, метавонад сабаби варам  кардани роҳҳои нафас гардад.

«Истеъмоли аз меъёр зиёди мандарин метавонад ба саломатии зани ҳомиладор ва кӯдаки батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Инчунин истеъмоли ин навъ мева ба одамони гирифтори бемории захм, гастрит ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима низ тавсия дода намешавад. Хусусан дар давраи авҷи ин бемориҳо  истеъмоли он манъ карда мешавад»,- гуфт номбурда.

Вале дар баробари ин, зикр намуд Пайрав Мамадҷонов,  мандарин манфиатовар низ ҳаст. Истеъмоли мандарин, ки  меваи болаззат буда, бӯи  гуворо дорад, барои бартараф намудани фарбеҳӣ  кӯмак мерасонад. Тадқиқотҳо собит намудаанд, ки  истеъмоли мандарин метавонад ба кам шудани чарбуи ҷигар ва чарбҳои шикам мусоидат кунад. Олимони Япония муайян кардаанд, ки моддаҳои дар таркиби мандарин мавҷудбуда холестеринро пешгирӣ карда, дил ва рагҳои хунгардро аз атеросклероз муҳофизат мекунанд.

Ба зикри Пайрав Мамадҷонов, афшураи тару тозаи мандарин  ба кӯдакон ва беморон ҳамчун нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳарорати баланди бадан он дар мубориза бо ташнагӣ кумак мекунад.  Бинобар хосиятҳои антисептикиаш мандарин таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ низ дорад.    Аз ин сабаб ин меваро барои пешгирии сирояти роҳи нафас ва зуком истифода бурдан мумкин аст.  Ҷӯшоби пӯсти мандарин барои паст намудани диабет, яъне  коҳиш додани  сатҳи қанд дар  хун мусоидат мекунад.

Ба андешаи табибон, нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, дар як рӯз бояд аз ду дона зиёд мандарин истеъмол накунанд. Истеъмоли ин меваи ситрусӣ барои кӯдакони аз 3-сола боло бо меъёри муайян тавсия дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар таркиби мандарин витамини С мавҷуд буда, истеъмоли он барои барқарор намудани иммунитет манфиатовар мебошад.  Инчунин он дорои кислотаи калий, магний ва калтсий, витаминҳои C, P, B1, B2, A, D, K мебошад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ “Ховар”

Декабрь 19, 2020 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст