Марҳилаи дуюми сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 29.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи марҳилаи дуюми «Лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод» оғоз гардида, дар доираи он сохтмони қитъаи роҳи Тагикамар-Нуробод, аз километри 30+217 то километри 75+600, ба ғайри он аз километри 72+900 то 74+303, ки шомили марҳилаи 3-юм мебошад, пули дарози муваққатӣ бо роҳҳои аз ду ҷониб ба пул баранда дар назар дошта шудааст.
Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати чиноии «Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering Company» қарордод ба имзо расонид.
Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, санади мазкурро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати «Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering Company»-и Чин Гуо Бохан имзо намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он сохтмони 30,2 км роҳи асосии Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217 ва сохтмони нақбҳои Қандак бо дарозии 1,6 км ва Қарағоч бо дарозии 1,7 км, сохтмони 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, сохтмони 28 истгоҳ, 14860 метри мураббаъ пиёдароҳ ва 102,5 км нишонагузории аломати роҳро дар бар мегирад.
Баъди имзои қарород Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати чиноӣ Гуо Бохан мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориро байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуд.
Азим Иброҳим изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт анҷом хоҳанд ёфт.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






