Маркази миллии тестӣ барои хатмкунандагони ВМКБ, Суғд ва Рашт имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронад

Декабрь 8, 2020 11:32

ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 декабр дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 3 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияи Рашт ва 17 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд барои 5255 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Тавре аз Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки 252 нафар, дар Шуғнон — 183 нафар, дар ноҳияи Роштқалъа — 138 нафар, дар ноҳияи Рашт — 252 нафар, дар шаҳри Хуҷанд — 276 нафар, дар шаҳри Панҷакент — 278 нафар, дар шаҳри Конибодом — 278 нафар, дар шаҳри Исфара — 280 нафар, дар шаҳри Истаравшан — 282 нафар, дар шаҳри Гулистон — 287 нафар, дар шаҳри Бӯстон — 261 нафар, дар шаҳри Истиқлол — 152 нафар, дар ноҳияи Ашт — 270 нафар, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 283 нафар, дар ноҳияи Деваштич — 270 нафар, дар

ноҳияи Зафаробод — 265 нафар, дар ноҳияи Мастчоҳ — 272 нафар, дар ноҳияи Спитамен — 259 нафар, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов — 250 нафар, дар ноҳияи Шаҳристон — 264 нафар ва дар ноҳияи Айнӣ — 203 нафар хатмкунандагон ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар имтиҳонҳои озмоишии 21 шаҳру ноҳия аз 381 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон даъват карда мешаванд.

Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 802 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 882 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 1053 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 726 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1792 нафар хатмкунанда.

Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври автоматӣ гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокчӣ равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонҳо мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 8, 2020 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ маҳфили ҳофизхонӣ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Воқеънигор» ифтитоҳ гардид
Имсол 125-солагии шоири мумтоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода таҷлил мегардад
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»
Дар Душанбе аввалин маротиба Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ баргузор мегардад
«САД РАНГИ ЧАКАН». Ин фестивал бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик баргузор мешавад
Намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд шинос шуданд
РУШДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми зиёиёни эҷодкори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик кушода шуданд
ФАРҲАНГ- САРМОЯИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Лабчанг сози мусиқие аст, ки навои дилнишини миллӣ дорад