Матлубахон Сатториён ба аёдати сокини шаҳри Ҳисор, иштирокчии ҶБВ Карим Рашиди 109-сола рафт
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи сафари корӣ бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо шароити зисти аҳолӣ, бахусус, собиқадорони ҷангу меҳнат аз деҳоти дурдасти шаҳри Ҳисор дидан намуданд. Онҳо дар деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба хонадони иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Карим Рашиди 109-сола рафта, бо вазъи сиҳатӣ ва рӯзгораш аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон ӯ ва аҳли хонадонашро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карданд. Барои ниёзи рӯзгораш орду биринҷ, пиёзу картошка ва дигар маводи хӯрокӣ дастрас карда шуд.
Ҳайати корӣ дар идомаи сафар аз деҳаи Ҳофизкадаи ҳамин ҷамоат дидан намуда, собиқадори хизмати давлатӣ Асадулло Алиевро, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолият кардааст, бо аҳли хонадону наберагонаш бо ҷашни Соли нав табрик гуфтанд. Ҳамзамон дар деҳаи Тахти Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон Комилҷон Ғаниевро, ки дар рушди фарҳангу ҳунари мардумӣ хизмати шоистаю мондагор кардааст, хабар гирифта, ба фарзандону наберагонаш туҳфаҳои идона ва барои густурдани дастурхони идонаи солинавӣ маҳсулоти хӯрокӣ тақдим намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Ҳисор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки ин иқдомро дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ ҷиҳати ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус, ятимону маъюбон ва пиронсолони барҷомонда роҳандозӣ намояд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






