Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон павилонҳои намоишгоҳӣ дастрас намуд

Декабрь 9, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  9 декабр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон павилонҳои намоишгоҳӣ супорида шуданд.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур дар робита ба Протоколи ба имзорасида оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  роҳандозӣ шуд.

Иқдоми ТИКА дар рушди соҳаи намоишгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Павилонҳои намоишгоҳии тақдимшуда 600 метри мураббаъро ташкил намуда, ба стандартҳои байналмилалии техникӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ менамояд. Таҷрибаи бисёрсола имкон медиҳанд, ки экспозитсияи миллии Тоҷикистон дар ЭКСПО-ҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шавад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои берунӣ Палатаи  савдо ва саноати ҷумҳурӣ муназзам иштироки ширкатҳои ватаниро дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва форумҳои байналмилалии тиҷоратии дар Тоҷикистон баргузоршаванда ташкил менамояд.

Таҷҳизоти намоишгоҳии аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ тақдимшуда ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сифати баргузории барномаҳои намоиширо беҳтар созад.

Декабрь 9, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»