Пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ — ин масъаларо Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ кард

Декабрь 23, 2020 09:48

ДУШАНБЕ, 23.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Шиддат гирифтани рақобату номуайяниҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ, зиёд гардидани мушкилиҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши бемориҳои нави сироятӣ дар саросари ҷаҳон собит месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ, ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад. Баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ, бахусус фаъолияти бозори аввалия ва такрории коғазҳои қиматнок, инчунин вазъи бозори суғурта дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат  ҷойгоҳи муҳим дошта, ба зиёд шудани воситаҳои молиявии бахши воқеии иқтисодиёт мусоидат менамояд ва фазои молиявии ҷумҳуриро  беҳтар месозад.

Ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи чоруми Шӯрои миллии суботи молиявӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Бонки миллии Тоҷикистон  доир гардид, баён гардид.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

«Дар ҷаласаи мазкур масълаҳои  ҷараёни  иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи сеюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, монеаҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок дар мамлакат, вазъи ҷории бозори суғурта ва роҳҳои беҳтар кардани он баррасӣ гардида,  вобаста ба таъсири омилҳои мавсимӣ, дохилӣ ва берунӣ ба бахшҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ҷиҳати идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба рушди бозори молиявӣ гузориши масъулин  шунида шуда, аз рӯи онҳо  муҳокимарониҳо сурат гирифт»,-афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва диверсификатсияи воситаҳои маблағгузории дарозмуҳлати бахши воқеии иқтисодиёт, тавассути пурзӯр намудани иқтидор ва рақобатпазирии ширкатҳои суғуртавӣ, таъмини рушди бозори коғазҳои қиматнок, истифодаи воситаи ҷойгиркунӣ дар биржаҳои фондӣ, ки айни замон бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ дар кишвар маҳдуд мебошанд, инчунин дар доираи нишондҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, қарорҳои дахлдор қабул шуда, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо вазифадор карда шуданд.

Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 таъсис дода шудааст.

Декабрь 23, 2020 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид