Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон сафар мекунад

Декабрь 18, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Кобул мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот мавзӯи сафари дарпешистодаи Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон ва масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

А. Абдуллоҳ Тоҷикистонро ҳамсояи нек, дӯсту бародар ва кишвари барои Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бо дастовардҳои чашмрасе барои ду кишвар анҷом ёбад.

Сафири Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ пуштибонии кишварамонро аз давлат ва мардуми Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо ёдовар шуда, сафари дарпешистодаи А.Абдуллоҳро ба Душанбе заминасози густариши бештари равобит миёни ду кишвари бародар донист.

Ҳамчунин дар бораи вазъи имрӯзаи Афғонистон, таҳаввулот дар раванди сулҳ ва музокироти байниафғонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 18, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд