РОҲИ КАМОЛ. Андешаҳои Рустами Ваҳҳоб дар бораи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло, ки ба синни мубораки 70 расид
ДУШАНБЕ, 24.12.2020/АМИТ «Ховар». Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло, ки ҳамчун ходими адабӣ бо АМИТ «Ховар» ҳамкорӣ мекунад, имрӯз ба синни мубораки 70 расид.
Дар зер андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳобро дар бораи Камол Насрулло пешниҳоди хонандагон менамоем.
Камол Насрулло шоирест, ки ашъораш ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи аҳли адаб ва хонандагон будааст. Ин амр чанд сабаб дорад, ки асоситарин дар ин миён дахолати фаъол дар масоили иҷтимоӣ, маънавӣ ва риояи ҳамешагии арзишҳои инсонӣ мебошад.
Инҷониб дар соли 1984 ба маҷмӯаи тозанашри эшон «Гузаргоҳи дил» тақризе навишта будам. Ин тақриз ба чоп нарасида ва дастнависе ҳам аз он боқӣ намондааст. Аммо равшан дар ёд дорам, ки он ҳовии андешаҳои мусбат буд ва хусусан ҷанбаи инсондӯстона ва маънавияти волои қаҳрамони ғиноии ин маҷмӯаи ашъори ғиноӣ, ҳамчунин баъзе талошҳои навоварона дар шеъри ҳамон рӯз боис гардида буд, онро таълиф намоям.
Аз ҷумла барои банда хеле ҷолиб буд, ки шоир чи ҳад бо ғанимат шумурдани умр таъкид меварзад ва чи ҳад аз гузари умр нигарон аст, Дар ҳоле ки ҳанӯз хеле ҷавон мебошад.
Бисту панҷам, бисту панҷам рафт,
Кони ганҷам, кони ганҷам рафт.
Бисту панҷам аз ҷавонӣ рафт,
Дар баҳои бенишонӣ рафт.
Эй Худо, эй ишқ, эй ҳастӣ,
Меравад умрам бад-ин мастӣ…
Ҳоло ин пораи шеърро аз ёд менависам ва умед дорам иштибоҳ нашуда бошад.
Ё дар шеъри дигар пирамардони деҳа тасвир мешаванд, ки чун дар ҳама деҳоти Тоҷикистони он замон дар канори хиёбони деҳа нишаста ба аҳволу рафтори деҳотиён назорат мекунанд ва дар ин фазо хулосаи шоиронае, ки ин пирамардон пораҳои заррини умри моро, ки бехабар дар роҳ афтондаем, чун резаи нон аз замин мечинанд.
Муҳим аст, ки дар тамоми давраҳои баъдии эҷодиёти шоир ва ҳамроҳ бо такомули андеша ва ҳунари шоирӣ ҳамин меҳварҳои маънавӣ ҳифз мешаванд ва беш аз он тақвият меёбанд.
Гузашта аз он, ин шоири огоҳ ва рисолатшинос пайваста бо таълифи мақолаҳо, тақризҳо ва дар ниҳоят рисолаи алоҳида ба унвони «Шеър чист ва шоир кист?» талош меварзад, то барои фазои бештаре боз кардан барои шеъри дорои рисолати инсонию иҷтимоӣ ва дорои арзиши ҳунарӣ, шинохти шеъри асил хидмати арзишманде анҷом дода бошад.
Дар тозатарин таълифоти шоир, ки дар матбуот ва ҳатто фазои маҷозӣ пайваста манзури хонандагон мегардад, ҳифзи ҳамин вижагиҳоро мушоҳида менамоем.
Масалан, дар шеъре ки ҳамин як сол пеш дар шумораи 24-уми ноябри соли 2019 дар «Адабиёт ва санъат» бо номи «Барои модари ширфурӯш (чорпора) чоп шудааст, дурахши баланди ҳунари мазмунсозӣ ва маъниофаринии шоиронаро мушоҳида менамоем, ки боз ҳам ба хотири арҷ гузоштан ба маънавият ва инсоният сарф шудааст:
Ҳар саҳар шир мекашонад ӯ,
Хона бар хона мекунад тақсим.
Балки ӯ ҳар саҳар сафедиро,
Менамояд ба одамон тақдим…
Модар-шир-саҳар-сапедӣ. Ин ҳама мафҳумҳои покиза ва муқаддасанд. Гузашта аз ин чӣ таносуби матин ва умқи маънавии нодире: Модаре, ки умре ба фарзандони худ шир медод, ҳанӯз ҳам барои ин фарзандон шир медиҳад, аммо ин шири дигар аст, заҳмати ӯст, хона ба хона барои мардум шир мекашонад чун маншаи ин кор покизаву хайр аст, сафову сапедии субҳ, ки ҳамчунин оғози неки зиндагист, ёд мешавад. Ин ҳама ғарқ дар нуру сапедиву сафост ва вуҷуди наҳифи модар гӯё дар он таҷзия ва таҳлил мешавад. Ҳузни амиқ ва дарде низ дар ин тасвир эҳсос мешавад, ки қалби инсонро такон медиҳад.
Некбинӣ (оптимизм), талқини саъю талош дар кори хайр, худшиносиву худсозӣ, ватандӯстӣ, одамият, садоқату самимият, бовару имон ба муқаддасот муҳимтарин нуктаҳое ҳастанд, ки меҳвари маънавии ашъори устод Камол Насруллоро ташкил медиҳанд. Шоир дар тамоми давоми умри пурбаракати эҷодии хеш садоқату пойбандӣ ба ин арзишҳои волоро ҳифз намуда ва тардиде нест, дар масири камоли ҳунарӣ, ки онро ниҳояте тасаввур кардан имкон надорад, дар ҳамин ҷода роҳпаймо хоҳад буд.
Он кас ки қадам ниҳод дар роҳи камол,
Чун моҳ гаҳе бадр шавад, гоҳ ҳилол.
Аз бешу ками замон зиёнаш нарасад,
Ҳаргиз набувад камолро ҳеҷ завол.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА