«СЭК Памир» ва «Korean Smart Technology Association» бо имзои санади ҳамкорӣ лоиҳаҳои муштаракро татбиқ мекунанд

Декабрь 21, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе байни ширкати ватании «СЭК Памир» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд.

Ба  АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки интизор меравад дар заминаи ин санади ҳамкорӣ ҷонибҳо бо ҷалби сармояи кореягӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, онро густариш диҳанд.

Баъди ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ  байни ҷонибҳо мулоқоти судманд баргузор гардид.

Зимни он масъалаҳои марбут ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ матраҳ гардиданд.

Декабрь 21, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд