Шахси аз ҷиноят пинҳоншуда дастгир шуд

Декабрь 5, 2020 16:02

ДУШАНБЕ, 05.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Одинаев Маҳмурод Шарифович дастгир карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Ҳисор дастрас карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар иттилоияи маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, аз ҷумла омадааст:

«Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллуд 01.03.1962, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, 29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш шаҳрванд Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.

Бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар сабаби ба даъвати чандин каратаи  кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти  ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  вогузор карда шуд.

05.12.2020 зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Одинаев Маҳмурод Шарифович дастгир карда шуда ба прокуратураи ш. Ҳисор дастрас карда шудааст.

Нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш.  дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад».

Декабрь 5, 2020 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад