Тақдими китоби «Тоҷикон» миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овардааст
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.
Ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард. Ба АМИТ «Ховар» дар ин бора матолиби зиёде ворид мегарданд. Аз ҷумла, муовини аввали директори нашриёти «Адиб» Ҳабиба Қурбонова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:
— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон доир ба мақому манзалати китоб дар сарнавишти инсон изҳор намуданд, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Мутобиқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то оғози ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонидани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ба таври туҳфа ҳадя намудани он ба сокинон аз номи Роҳбари давлат мояи ифтихор ва васфи махсус мебошад.
Набояд фаромӯш созем, ки мояи бузургии инсон, пеш аз ҳама, тавассути мутолиаи бештари китобу азбарнамоии донишҳои гуногуни судовар баҳогузорӣ карда мешавад. Зеро равишҳои зиндагӣ дар ҳама ҳолат собит намудаанд, ки ягона неъмати асливу шарифтарине, ки инсонро ба тамоми мақому мартаба расонида, соҳиби иззату эҳтироми баланд мегардонад, ин хониши пайвастаи китобу афзуннамоии донишу илмҳои зарурӣ мебошад.
Дар замони муосир Интернет ҳамчун манбаи паҳнкунандаи хабари фаврӣ дар фазои иттилоотӣ мақомашро устувортар карда, муҳити рангини дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳаводорони ин олами маъониро боз ҳам маҳдудтар менамояд. Имрӯзҳо атрофи таъмини фазои иттилоотӣ ва дастрасӣ ба ахбори аввалро бештар мешунавему дастрасӣ ба онро аз шабакаҳои иҷтимоӣ кори доимии рӯзмарраи худ қабул намудаем. Вале нуктаи калидӣ ин аст, ки дастрасиву мутолиа тавассути шабакаҳои интернетӣ агарчи як шакли расидан ба технологияи навину тақозои давру замон бошад, аз сӯи дигар завқу салиқаи қисме аз шаҳрвандони моро дар самти мутолиаи бештари китобу китобдорӣ то ҷое тиратар намудааст.
Табиист, ки ҷаҳони маънавии инсонро аслан иттилоъ ва фароғат рангинтару дигаргунтар менамояд. Лекин арзишу ҷойгоҳ, мунису ғамхор ва мартабаи равшангароии роҳи ҳаёт доштани китобро башарият аллакай ҳазорсолаҳо инҷониб таъйид кардаанду дар шароити кунунӣ низ қиматаш рӯ ба афзуншавӣ дорад.
Бо дарназардошти аҳамияти омилҳои мавҷуда ва дурнамои устувори соҳа замони истиқлолии мамлакат ба ин равиш бо назардошти ҷанбаъҳои миллии мо рушду тавсеаи сифатнок бахшида, ба дастрасии бештару мутолиаи китобҳои гуногуни муосир заминаҳои бунёдӣ гузошт. Дар оғози давраи аввали марҳилаҳои соҳибистиқлолии мамлакат баробари ташаккули низоми нави давлатсозиву идорӣ ва такмилу тавсеасозии бахшҳои муҳими фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи бештар ба китобу китобхона зоҳир карда шуд. Бо ибтикору ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин макони донишандузӣ бо тарҳу намои миллӣ сохта шуда, арҷгузорӣ ба китоб ва тарғибу ташвиқи он дар мамлакат ба ҳукми анъана даромада, ба ҷузъи ҳаёти фарҳангии ҳар сокини диёру ҷомеаи навини мо табдил дода шуд. Ҳарчанд то замони касби соҳибистиқлолии давлат имконияти дастрасӣ ба китобу шароити носозгори соҳа дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат эҳсос мегардид, вале рушду навоварии ин бахши афзалиятноки ҷомеа бо назардошти манфиатҳои миллӣ хеле ками дар кам дида мешуд.
Аввалин иқдоми шоиставу бунёдие, ки таъкид ва зикраш боиси васфи махсус аст, ин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Китобхонаи миллӣ бо шаклу намои хоссаи ниёгон дар маркази пойтахтамон- шаҳри Душанбе мебошад. Ин махзани бонуфузи илмомӯзӣ дар заминаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд гардида, дар миқёси Осиёи Миёна қариб ки назир надорад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, феълан Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китобҳои гуногун ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳу чопхонаҳои замонавӣ мебошад. Дар ин самт, таърих гувоҳ аст, ки Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ бо имконияти хеле маҳдуди вақт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии шоири тавонову номвари тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ табдили ном карда, давоми соли 1993 мақоми Китобхонаи миллиро доро мегардад.
Амалинамоии чунин иқдоми шоиставу қобили таҳсини фарҳангӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ифтихор аз фарзандони некройю соҳибфазлу равшанзамири ин миллати куҳанбунёд буда, ҳар яки моро водор ба он месозад, ки дар шинохту арҷгузории чунин дастоварду арзишҳои муассири даврони навин собитқадаму устувор бошем.