ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 4, 2020 08:00

4 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён карданд.

***

8 сол пеш, 4 декабри соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар Рейтинги   рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намуд.

4 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи информатика.

РӮЙДОДҲО:

4 декабри соли 2009  дар шаҳри Картахени Колумбия Тоҷикистон ба Эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони «Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина» имзо кард.

***

4 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи аввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.

***

6  сол пеш, 4 декабри соли 2014 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе мушкилоти астрофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия ҷадвали баргузории бозиҳои Ҷоми КФО нашр шуда буд.

***

4 декабри соли 1948 Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Шарқи Наздик таъсис дода шуд.

 ***

59 сол қабл, 4 декабри соли 1961 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими кушодашавии Конгресси байналмилалии иттифоқҳои касаба баргузор гардид, ки он то 15 декабр давом кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1974 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо дар Шри-Ланка зиёда аз 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

4 декабри соли 1982 Конститутсияи Чин қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1791 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи  «Мушоҳид» нашр шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон куҳантарин рӯзномаи рӯзи якшанбе мебошад.

Декабрь 4, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш