То соли 2030-юм 30 фоизи хатмкунандагони мактабҳо бояд ба таҳсилоти миёнаи ибтидоии касбӣ ҷалб карда шаванд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳадди ақалл 30 фоизи хатмкунандагони мактабҳо (солона тақрибан 58 ҳазор нафар) бояд ба таҳсилоти миёнаи ибтидоии касбӣ ҷалб карда шаванд.
Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаҳои шашум ва ҳафтуми кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорони системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид.
Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода иброз дошт, ки «ҳадафи асосии такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон, кормандони муассисаҳои таълимӣ аз он иборат аст, ки донишҳои амиқ ва малакаҳои касбӣ, азхудкунии касбу ихтисосҳои нав, ташаккули салоҳияти касбии онҳо, ташаккули малакаҳои устувор барои инъикоси пешрафти системавии педагогӣ ва натиҷаҳои он, паҳн намудани тамомияти сохтории фаъолияти омӯзгорӣ ва иҷрои талаботро барои ноил шудан ба сифати муосири таҳсилот таъмин хоҳад кард”.
Тавре иштирокдорон баён намуданд, модели математикии таҳиякардаи лоиҳаи омори асосӣ ва бо назардошти тамоюлҳои демографӣ дар мамлакат нишон медиҳад, ки шумораи донишҷӯёни иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то соли 2030 бояд тақрибан 35 ҳазор нафарро ташкил диҳад ё аз соли 2020 дар як сол 3500 нафар афзоиш меёбад.
Зикр гардид, ки солҳои охир фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ибтидоии касбӣ аз 7,4 фоиз то 10 фоиз дар соли хониши 2018-2019 афзоиш ёфтааст. Афзоиши тадриҷии донишҷӯён дар ин муассисаҳо аҳамияти сатҳи маълумоти касбиро нишон медиҳад, зеро он шуғли ҷавононро дар бозори меҳнат таъмин менамояд.
Яке аз натиҷаҳои лоиҳа таҳия ва санҷиши системаи таълими муттасили касбӣ барои омӯзгорон, магистрҳо ва менеҷерони таълими ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон мебошад. Рушди касбӣ омӯзиши якумрӣ ва таҳсилоти расмию ғайрирасмиро дар бар мегирад, ки ба рафъи норасоии омӯзгорони касбӣ, қонеъ кардани талабот ба таҳсилот ва пешниҳоди маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ бошанд, равона гардидааст.
Имрӯзҳо дар мамлакат 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 22 336 донишҷӯ дар солҳои 2019-2020 таҳсил менамоянд.








Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад






