Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ мулоқот намуд

Декабрь 15, 2020 16:00

 ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр мулоқоти видеоии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO) Петтери Таалас баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот Петтери Таалас роҷеъ ба Эътилофи обу иқлим барои Ҳадафи 6-уми рушди устувор маълумоти муфассал дод. Ҳадафи Эътилоф такон бахшидан ба иқдомот дар соҳаи захираҳои об тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ таваҷҷуҳи мусоҳиби худро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ҷалб кард. Зимнан аҳамияти баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин аҳамияти тақвияти  ҳамкорӣ дар чорчӯби «Раванди оби Душанбе» таъкид гардид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Декабрь 15, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд