Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои шаҳрвандон беш аз 5 ҳазор ҷойи кор муҳайё намудааст

Декабрь 9, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  нафарони корҷӯ ва дорои касб аз рӯи равияҳои мухталиф 5242 ҷойи кори холиро дар 1039 корхонаву ташкилоти гуногуни ҷумҳурӣ муҳайё намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷойҳо ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фаъолият дар корхонаву ташкилот аз рӯи равия ва ихтисосҳои кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, идораи давлатӣ ва мудофиа, савдо ва хизматрасонии маишӣ, саноат, энергетика, сохтмон, тандурустӣ, молиявӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар намудҳои фаъолият буда, корҷӯён метавонанд тавассути сомонаи расмии www.kor.tj  худро ба қайд гирифта, соҳиби ҷойи кор шаванд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва корфармоёни мамлакат мерасонад, ки онҳо низ метавонанд тавассути сомонаи мазкур беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногунро пайдо намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.

Декабрь 9, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд