Вилояти Суғди Тоҷикистон ва Округи мухтори Ханти-Мансийск-Юграи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Декабрь 23, 2020 15:49

ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар онлайн-мулоқот оид ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Округи мухтори Ханти-Мансийск-Юграи вилояти Тюмени Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург хабар доданд.

Дар ин мулоқоти онлайнӣ муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ  ва намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков иштироку маърӯза карданд. Суҳбаторо-модератори мулоқоти дуҷонибаи байниминтақавӣ роҳбари департаменти равобити ҷамъиятӣ ва хориҷии дастгоҳи Губернатори ОМХМ-Югра Елена Шумакова буд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот доир ба ояндаи наздик ба имзо расонидани Созишномаи байниминтақавӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ паймоне ҳосил гардид. Дар  аснои муҳокимаи ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории байниминтақавӣ роҳбарону кормандони масъули воҳидҳои сохтории дастгоҳҳои раиси вилояти Суғд ва Губернатори ОМХМ-Югра мубодилаи созандаи афкор намуданд.

Мулоқоти мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи ҷашнӣ таҳти унвони «Рӯзҳои ҳамкорӣ», ки ба 90-солагии таъсиси ОМХМ — Югра чун субъекти Федератсияи Россия бахшида шудааст, доир гардид.

Декабрь 23, 2020 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад