«Зарби Кӯлоб», — чунин навишта шудааст болои сиккаҳои нав кашфшуда, ки ба асри 16 тааллуқ доранд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сиккашиноси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ зарробхонаи (сикказании) Кӯлобро кашф кард.
Донишманди номбурда чанде қабл дар таркиби як ганҷинаи сиккаҳои дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ёфтшуда, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, сиккаҳоеро пайдо кард, ки дар рӯи онҳо «Зарби Кӯлоб» навишта шуда, дар пушти онҳо нақш ҷойгир аст.
Давлатхоҷа Довудӣ дар асоси маълумоти бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ муайян кард, ки сиккаҳо ба асри 16 тааллуқ доранд. Дар асоси бозёфти ин намуд сиккаҳо дар шаҳркадаи Искӯлоб ӯ ба хулосае омадааст, ки сиккаҳо дар ҳамин шаҳр, ки дар асри 16 пойтахти Кӯлоб буд, зада шудаанд.
Тавре Давлатхоҷа Довудӣ мегӯяд, “гап сари он аст, ки дар вилояти Хатлон дар давраи Сомониён дар асри 10, дар давраи Ғазнавиён дар асри 11 ва дар давраи Темуриён дар асри 15 сиккаҳои нуқрагӣ ва мисӣ бароварда мешуданд. Дар ин сиккаҳо номи ин вилоят аввал дар шакли Хуттал ва пасон дар шакли Хуталон навишта шудааст. Ин сиккаҳо дар ҳудуди вилоят ва берун аз он низ ёфт шудаанд. Аммо то имрӯз сиккаҳое ёфт нашуда буданд, ки дар онҳо номи Кӯлоб навишта шуда бошад”.
Кашфи зарробхонаи Кӯлоб дар таърихи сиккашиносии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ва дар таърихи Хатлону шаҳри Кӯлоб саҳифаи нав буда, аз аҳамияти калони илмӣ бархурдор мебошад.
ДАР АКСҲО: Сиккаҳои «Зарби Кӯлоб»











Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






