«Женмин жибао»: Ҳамкорӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи кишоварзӣ босубот рушд мекунад

Декабрь 9, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Имсол кишварҳои Осиёи Марказӣ  маҳсулоти кишоварзиро  ба Чин фаъолона содир мекунанд, то ин ки бозори нави рушди иқтисодиро фароҳам оранд ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш диҳанд, омадааст дар маводи нашрияи чинии «Женмин жибао».

Тибқи омори Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти ҶМЧ, дар 7 моҳи аввали соли равон ҳаҷми умумии савдои Чин бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ 4 миллиарду 316 миллион юанро ташкил додааст. Аз ҷумла, ҳаҷми тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ байни Чин ва Қазоқистон ба 2 миллиарду 866 миллион юан расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин ҳамин давраи соли гузашта 14,4% афзудааст.

Моҳи сентябри соли 2018 лоиҳаи муҳими ҳамкорӣ байни Чин ва Қазоқистон дар соҳаи зарфияти тавлидотӣ — корхонаи истеҳсоли хокаи хушк аз шири шутур дар вилояти Туркистони «Golden Camel» («Шутури тиллоӣ») — калонтарин корхонаи коркарди шири шутур дар Қазоқистон гардид. Моҳи апрели соли равон ин корхона бори аввал хокаи шири хушки шутурро ба Чин содир кард. Давоми шаш моҳ аллакай тавассути роҳи оҳани Чин-Аврупо 150 тонна шири хушк ба Чин интиқол ёфтааст. Соли равон дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳои воридотии Чин (CIIE) хокаи шири шутури корҳонаи «Golden Camel»  таваҷҷуҳи тамошобинони зиёдро ба худ ҷалб кард.

Ӯзбекистон аз рӯи ҳаҷми парвариши гелос дар ҷаҳон машҳур ва аз ҷиҳати миқдори солонаи истеҳсоли он дар ҷаҳон пешсаф мебошад. Аз ҷумла, гелоси минтақаи Тошканд ба туфайли сифати баланд ва арзон будан дар бозори байналмилалӣ рақобатпазир аст. Дар айни замон, ба гелоси Ӯзбекистон дар платформаҳои тиҷорати электронии Чин талабот зиёд аст.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи кишоварзӣ зимни сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶМЧ баррасӣ шуда буд. Тоҷикистон ва Чин барои баланд бардоштани нақши Комиссияи Чин ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории кишоварзӣ ва парвариши намунавии зироат ва сабзавот; беҳтар намудани зот ва парвариши чорво; байторӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва савдо, инчунин омӯзиш ва табодули мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тадбир меандешанд. Ҳамкории муштарак дар самти ташкили парки муштараки намунавии илм ва технологияи кишоварзӣ, ҷорӣ ва истифодаи техникаи кишоварзӣ дар пешбурди шарикӣ ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Тоҷикистон бо мақсади рушди зироаткорӣ ва чорводорӣ ба истифодаи таҷрибаи истеҳсолӣ ва технологии Чин манфиатдор аст.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 9, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад