25 январ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

Январь 18, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11:00 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи панҷуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини  амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат»,  «Дар бораи ворид намудани тайғиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», инчунин шунидани ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон дар соли 2020» ва якчанд қонунҳои дигар дар назар дошта шудааст.

Январь 18, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад