ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор иншооти ташхиси техникӣ-автомобилӣ ва бақайдгирию имтиҳонӣ бунёд мегардад

Январь 12, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию  бунёдкорӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иншооти  ташхиси техникӣ-автомобилӣ ва бақайдгирию имтиҳонӣ бунёд мешавад.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, ки дар кӯчаи Синои шаҳри Ҳисор бунёд мегардад, боздид намуд. Иншооти ташхиси техникӣ-автомобилӣ ва бақайдгирию имтиҳонӣ аз се қабат иборат буда, пурра бомпӯш гардидааст. Ҳоло  дар дохили он корҳои андоваю рангу бор оғоз гардидаанд.

Раиси шаҳр аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои ба тартиб овардани атрофи иншоот ба масъулин дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо афсарону аскарони қисми низомӣ, воқеъ дар шафати бино ҳашари умумӣ доир намоянд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҳамчунин бо таъмиру тармими қитъаи роҳи  кӯчаи Неъмат Қарабоеви маҳаллаи Шарқи шаҳри Ҳисор шинос гардид. Сохтмони қитъаи роҳи мазкур аз  ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр анҷом дода мешавад. Роҳ ба паҳноии 10,5 метр васеъ гардида, дар ду канораш  роҳравҳо барои пиёдагардон бо шинонидани дарахтони ороишӣ бунёд мешавад.

Январь 12, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд