ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар маркази ноҳияи Айнӣ Нишон ва Парчами давлатӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ сохтмони Нишон ва Парчами давлатӣ ҷараён дошта, дар назар аст то ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба истифода дода шаванд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Нишон ва Парчам дар хиёбони Рӯдакӣ- маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи сохтмони Нишон ва Парчами давлатиро Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар вилояти Суғд тарҳрезӣ намуда, он аз ҷониби ширкати «Зарафшон сохтмон» бунёд карда мешавад.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дошта, сохтмончиён сутунпояи Нишонро, ки 22 метр баландӣ дорад, бунёд намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз ҷараёни сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки нисбат ба бунёди муқаддасоти миллӣ муносибати ҷиддӣ намуда, аз масолеҳи хушсифат истифода баранд.
Гуфта мешавад, ки Парчами давлатӣ бо баландии 47 метр бунёд мегардад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






