ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Оятулло Раҳматуллозода дар Шаҳритус меҳмонхонаи сеошёна, ҳаммом, тӯйхона, маркази савдо ва майдони варзишӣ месозад

Январь 4, 2021 08:32

 ДУШАНБЕ, 04.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Бинокори Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Оятулло Раҳматуллозода меҳмонхонаи сеошёна, ҳаммом бо ҳавзаш, тӯйхона, маркази савдо, майдони варзишӣ ва нуқтаи таъмири мошинҳо ба истифода дода мешавад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, беш аз 60 нафар бинокорони ботаҷриба ҳоло ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаву бо маоши баланд таъмин гардидаанд.

Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои мазкур зиёда аз сад нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Шаҳритус идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳритус бунёду навсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Январь 4, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 31 иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад
Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд