Абдураҳмон ХОНЗОДА, роҳбари дастгоҳи ҲХДТ: «Силсилафилми «Хиёнат» ниқоб аз чеҳраи воқеии хиёнаткоронро бардошт»

Январь 23, 2021 12:25

ДУШАНБЕ, 23.01.2021. /АМИТ “Ховар”/. Тамошои филм, дидани навор ё шоҳид шудан ба рӯй додани ҳодисае, ба мисли хондани  асари бадеӣ, дар инсон таассуротеро ба вуҷуд меорад.  Ӯро водор мекунад, ки назари худро дар ҳамон шакле ки бардошт кардааст, бо дигарон дар миён гузорад. Албатта баҳогузории мусбат ё манфӣ вобастагӣ дорад ба мазмун ва мундариҷаи ҳодиса. Ҳамин аст, ки теъдоди зиёди хонандагон талош доранд, назари худро ба наворҳои дидаашон дар филми “Бешарафӣ” аз силсилафилми “Хиёнат” иброз намоянд. Дар зимн, андешаҳои Абдураҳмон ХОНЗОДА, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пешкаши хонандагони АМИТ “Ховар” мегардад.

— Вақте  силсилафилми  «Хиёнат»-ро тамошо менамоед, бидуни тардид ба андеша меравед, ки чӣ  тавр инсон тамоми арзишҳои олии инсонии худро зери пой намуда, барои пулу сарват ба худ, оилаи худ ва миллати худ хиёнат менамояд. Дар “хона”-и мардум зиндагӣ карда, ба ватани аҷдодияш бо тамоми роҳҳои барояш дастрас, ки бегонагон ёдаш додаанд, санг меандозад. Ҳамин гуфтаҳоро мо дар  қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки бо номи  “Бешарафӣ” ба воситаи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, дида метавонем. Ин филм дар вуҷуди дилхоҳ фард нисбат ба “қаҳрамон”-и марказии он Муҳаммадиқболи Садриддин нафратро ба вуҷуд меорад.

Наворҳои ба маърази тамошо гузошташуда ниқоб аз чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пайваста аз минбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи арзишҳои волои инсонӣ, муқаддасоти динӣ суҳбат намуда, худ ва хоҷагони худро “фаришта” ва тоҷикистниёнро гумроҳ ва фиребхӯрда номида,  кӯшиши амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғаразноки худ ва дигар саркарадони наҳзатӣ мешавад,  бардошт.

Агарчи то ин дам аксарияти сокинони кишварамон аз қаллобӣ ва ифротгароии Муҳаммадиқболи Садриддин огоҳ буданд, аммо филми “Бешарафӣ” паҳлӯҳои ноаёни кирдорҳои бешарафонаи ин нафарро ба доираи васеи тамошобинон нишон дод, ки тоҷикон нанг меҳисобанд.

Аз суҳбати ҳамсоягон ва дигар нафароне, ки М.Садриддинро мешиносанд, маълум мегардад, ки ин “девор” аз пояааш каҷ аст.  Ҳатто, омӯзгорон ва ҳамсинфони М.Садриддин  зикр менамоянд, ки ин шахс панҷ соле, ки дар мактаби ибтидоӣ таҳсил кардааст,  аллакай “каҷдастӣ”-и худро нишон дода будааст. Шояд дар қатори дигар омилҳо ҳамин ҳам сабаб шуда  бошад, ки ӯ таҳсилоти пурраи мактабӣ нагирифтааст.

Мавсуф парвардаи оила ва муҳити оилавие аст, ки бояд чунин ҳам мешуд. Зеро падари ў Мулло Қаландар худ як нафари  бадандеш ва тангназару ифротӣ буд. Маҳз ба “шарофат”-и  чунин муллоҳо кишвари мо дучори мушкилиҳои сангине шуд, ки асараш то ба имрӯз эҳсос мегардад. Аз таъкиди шоҳидони ҳол дар филм, махсусан нафароне ки дар замонаш шохаҳои гуногуни ҳамонвакта ҳизби наҳзат ва имрӯз ташкилоти террористиро роҳбарӣ мекарданд, маълум мешавад, ки ниятҳои нопоки падар оқибат ба писараш зарар кард, ӯро дар муҳити бегона ва назди бегонагон таҳқир кард. Ва имрӯз ин “ҷабрдида”-и ба ном “даъвогари ислому шариат ва мубаллиғи арзишҳои волои инсонӣ” мехоҳад қасди Мусоро аз Исо гирад.  Шояд ҳамин аламҳо ва норозигӣ аз падар дар дилаш будаст, ки ба ҷанозаи ӯ нарафтааст. Худо медонад, кӣ аз кӣ норозӣ рафт ё монд. Падар аз писар ё писар аз падар?

Намоиши филм тариқи телевизион барои огоҳии бештари мардум бахусус ҷавонон аз ин гуна нафарони беҳуввияту носипос иқдоми хуб ва қобили дастгирист. Дар урфият мегӯянд: “Адаб аз кӣ омӯхтӣ? Аз беадабон”. Бинобар ин, доштани чеҳраи кушода, нияти нек ва рафтори солеҳ беҳтарин сифатҳои мардӣ ва ҷавонмардӣ буданд ва мемонанд, на буздилию туҳмату буҳтон, ки умрашон кӯтоҳ ва хотираашон заиф аст.  Шоири ширнкаломи мо Бедил гуфтаанд:

Обрӯ зотист Бедил, в-арна монанд гуҳар,
Муҳраи гил ҳам тавонад дар дили дарё нишаст.

Январь 23, 2021 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд