Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои сарди шабона дар ВМКБ
ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки шабонарӯзи наздик бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои баландкӯҳии ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона то -32 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл то -45 дараҷа хунук) пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии мамлакат яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ хотиррасон менамояд, ки коҳиши ҳарорат бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма ва яхро дучанд мекунад. Ғайр аз ин тумани ғафс ҳам пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя намоянд.
Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёт бошанд, наврасону кӯдаконро ба ҳезумчиниву ҳезумкашӣ нафиристанд ва ҳамагон либосҳои гарми зимистона дошта бошанд, то аз хавфи ҳаргу касалиҳои сармохӯрдагӣ эмин бошанд. Инчунин ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз ангишт ва печҳои барқӣ бештар эҳтиёт кунанд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






