Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ «Куллиёт»-и нави Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд ба чоп мерасад
ДУШАНБЕ, 29.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Куллиёт»-и асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд таҳия ва ба чоп мерасад.
Тавре аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 10 ҷилди осор алаккай барои чоп ба нашриёт супурда шудааст. Ҷилдҳои боқимондаи он низ рӯзҳои наздик барои чоп ирсол мегарданд.
Ёдовар мешавем, баъд аз вафоти устод, соли 1928 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бояд дар 15 ҷилд нашр мегардид. То ин замон 13 ҷилди он ба нашр расидааст.
Ба «Куллиёт»-и нав бахшҳое, ки ба тақозои сиёсати давр дар китоби пештара ворид нашуда буданд, илова гардида, ду ҷилди охири он осори ба забони ӯзбекӣ таҳияшудаи нависандаро дар бар мегирад.
Тавре ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Абдухолиқи Набавӣ иброз намуд, «таълифоти устод Айнӣ осори асили адабӣ мебошанд. Як хусусияти асари бадеӣ ин аст, ки ба мардум муассир меафтад. Дуюм, кулли осори Айнӣ ба зиндагии мардуми тоҷик, гузашта ва имрӯзи он, таърихи муборизаҳои вай барои озодӣ, тавсифу тасвири фарзандони шуҳратёр ва қаҳрамони он, ки забону адабиёт, фарҳангу маънавиёти онро бунёд гузоштаанд, бахшида шудаанд. Бинобар ин онҳо аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандӣ дошта, ҷузъи мондагори осори маънавии мардуми тоҷик дар даврони нав ба шумор мераванд. Ҷаззобияти ин осор низ вобаста ба омилҳои мазкур аст.Осору рӯзгори устод Айнӣ мондагор аст».
«Дар бораи Айнӣ гапҳои ногуфта ҳанўз зиёданд. Устод як доритулмаориф ва асару эҷодиёташон донишномаест, ки дар он оид ба ҳар соҳаву ҳар масъала мавод ёфтан мумкин аст. Устод Айнӣ ба сифати классики адабиёти муосиранд, нафареанд, ки дар ҳар давру замон осорашон ба маънои дигар зоҳир мегардад. Маънии навиштаҳояшонро агар дар гузашта дигаргуна дарк карда бошем, ҳоло он ба таври нав ҷилвагар мешавад. Осори Айнӣ мисли тилло ва дуррест, ки ҳар бор ҷилои тоза медиҳад. Ҳар бор осорашон, фаъолияти корӣ ва мақолае, ки ба нависандае навиштаанд, маънои дигар медиҳад»,-афзуд номбурда.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад






