Барои шаҳрвандони Тоҷикистон Ҷумҳурии Сербия 2 бурсияи таҳсил ҷудо намудааст

Январь 27, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад,  ки Ҷумҳурии Сербия 2 бурсияи таҳсилии барномаи «Ҷаҳон дар Сербия» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст. 

Барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати он кишвар маблағгузорӣ гардида, пардохти хароҷоти таҳсил (дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура), ҷойи хоб, хурду хӯрок дар марказҳои донишҷӯён ва стипендияи моҳона дар ҳаҷми 15.000.00 динарро (баробар ба 150 доллари амрикоӣ) дар бар мегирад.  Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28 январи соли равон мебошад.

Барои супоридани ҳуҷҷат хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 47) муроҷиат намоянд.

Январь 27, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад