Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмуни «Ободгари Ватан» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» дар семоҳаи чоруми соли 2020 ҷамъбаст гардида, ба ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҷоизаи «Ободгари Ватан» супорида шуд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур инҳо ғолиб омаданд: барои гузоштани аттраксионҳо дар боғи Раҳмон Мӯрчаев, воқеъ дар шаҳри Бохтар Некрӯз Шарипов, барои саҳм гузоштан дар таъмири биноҳо ва чароғонкунии намои биноҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар Илҳом Раҳматов, барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод Шодиҷон Раҷабов, барои бунёди МТМУ №2 дар кӯчаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки «Фархор»-и ноҳияи Фархор бо 2000 ҷойи нишаст Хуршед Нозимов, барои мумфаршкунии 1,5 километр роҳи маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сайнуриддин Сайфов, барои бунёди майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки «Балхӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳафиз Гулонов, барои бунёди бинои истиқоматии 5-ошёна, бо маркази савдо дар ошёнаи якум, дар маркази шаҳри Норак Сафаралӣ Сафаров, барои бунёди қаҳвахонаи «Наврӯз» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритус Муҳаммадалӣ Асатзода, барои бунёди майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритус Хуршед Маҳмадалиев, барои бунёди бинои маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ»-и ноҳияи Хуросон Иноят Холов, барои мумфарш намудани 13,1 км роҳи мошингарди РҶ-029 дар даромад ба маркази ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Абдуҳалим Ҷобиров, барои бунёди бинои баландошёна бо ҷойгир намудани маркази савдо дар ошёнаи якум, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ Абдураҳим Қурбонов, барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Каромати Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Ориф Раҷабов, барои ба истифода додани мактаб барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғара Раҷабалӣ Нозилов.
Озмуни «Ободгари Ватан» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, зимни ҷамъбасти он дар ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, ҷоизаҳо тақдим мегарданд.











35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






