COVID-19. Баргузории 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Тайланд мавқуф гузошта шуд

Январь 15, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 15.1.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист аз 21 то 30 майи соли 2021 дар Бангкоки Тайланд баргузор шаванд, мавқуф гузошта шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, Шӯрои олимпии Осиё 14 январ бо пахши як изҳорот зикр намуд, ки вазъи ҷаҳонии пандемияи COVID-19, маҳдудияти сафар ба бисёр кишварҳо ва санадҳои соҳаи тандурустӣ дар саросари ҷаҳон сабаби гирифтани чунин тасмим шуд.

Аз ин рӯ 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 10 то 20 марти соли 2022 ба нақша гирифта шуд.

Тасмими мазкурро Шӯрои олимпии Осиё пас аз муҳокимаи амиқ бо Кумитаи миллии олимпии Тайланд ва Кумитаи тадорукоти 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба манфиатҳои ҳама кумитаҳои миллии олимпӣ, таъмини амният ва саломатии варзишгарону иштирокчиён гирифтааст.

Ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонист, ки ба таъхир гузошта мешавад. Қаблан бо қарори Шӯрои олимпии Осиё 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё, ки бояд моҳи март дар Санйаи Чин доир мегардид, ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шуд.

Январь 15, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд