Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 29 январи 2021 дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои иштироккунанда масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви (ШСД) СҲШ (16-17 сентябри 2021)-ро муфассал баррасӣ карда, дар бораи лоиҳаҳои рӯзнома ва номгӯи санадҳои дар рафти ШСД СҲШ қабулшаванда табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро баррасӣ намуда, Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро барои соли ҷорӣ тасдиқ карданд.
Дар рафти ҷаласа дар хусуси давраи нави ҷойивазунии роҳбарони мақомоти доимамалкундаи СҲШ аз 1 январи 2022 ва дигар масъалаҳои рӯзмараи Созмон низ табодули афкор сурат гирифт.
ШҲМ СҲШ ҳамоҳангсозии фаолияти ҷории СҲШ-ро амалӣ менамояд ва ҳамкории байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои узви СҲШ-ро таъмин мекунад.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд






