Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2020 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Тавре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар интихоби касбу ҳунар ва талқини ташаккули тарзи ҳаёти солим ба оммавигардонии варзиш ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим равона буда, давоми соли гузашта, новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳо барои ҷавонону варзишгарон амалӣ гардид.
Ин аст, ки 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология – инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, Ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ», ғолибони озмуни «Донишҷӯи сол- 2020» , озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ», стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар ғолибони озмунҳо муайян шуданд.
Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2020 низ муайн ва қадрдонӣ гардиданд.
Дар соҳаи адабиёт:
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Тоҷиддин, корманди маҷаллаи «Паёми Суғд» Фарзона Норбадалова, сардори Раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Рустам Наботӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Зиёрат Киромиддинов.
Дар соҳаи рўзноманигорӣ:
Корманди рӯзномаи «Мароми пойтахт» Шаҳриёр Олимӣ, мутахассиси робита ба ВАО –и маркази иттилоотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Анварова, корманди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Хуршед Шарипов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Абдулхайр Абдураҳмонов, директори телевизиони «Шаҳнавоз» Сайфулло Бахтоварӣ, муҳаррири радиои «Фарҳанг» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳмонов, хабарнигори радиои «Ховар» Моҳинав Наврӯзова, донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амонҷон Мамадҷонов, донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳрофарин Наҷевуллоев ва корманди Телевизиони «Душанбе» Раҳими Карим.
Дар соҳаи барномасозӣ:
Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хусрав Ашӯрзода.
Ҳамчунин дар соли 2020 «Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2020», «Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш», «Варзишгари беҳтарин байни бонувон аз рӯи намудҳои олимпӣ» ва инчунин «Беҳтарин мураббии соли 2020» муайян гардиданд.
Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати варзишпарварони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар сартосари Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иншооти муҳим бунёди иншооти соҳаи варзиш бамаротиб зиёд гардида истодааст.
Дар соли 2020 12 нафар олимони ҷавон, ки дар ҷодаи рушди илм ва техника саҳми муносиб гузоштаанд, бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон ва рушди варзиш беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳату донишандӯзии наврасону ҷавонон ва омода намудани варзишгарони касбӣ бо истифода аз усулҳои муосир ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешаванд.