Дар Екатеринбург оид ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия конфронс доир гардид

Январь 29, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Терроризм  ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ба шумор рафта,  ин падидаи номатлуб сабаби ба миён омадани амалҳои хатарнок, аз қабили таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё ҳаёти одамон,   бенизомӣ, халалдор намудани тинҷию осоиштагӣ,  барангехтани низои миллӣ, иҷтимоию динӣ ва монанди инҳо мегардад.

Ин матлаб дар ҷараёни баргузории конфронсе, ки таҳти унвони «Мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, ҷилавгирӣ аз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия,   Раёсати муфтиёти мусулмонони вилояти Свердловск ва  мақомоти ҳокимияти давлатии ин вилоят сурат гирифт, зикр гардид.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, иштирокчиёни конфронс роҷеъ ба масъалаи ба таври пинҳонӣ амалҳои ғаразноки худро миёни муҳоҷирони меҳнатӣ роҳандозӣ намудани созмону ташкилоти террористиву экстремистӣ, пайомадҳои манфии фаъолияти густурдаи идеологии ин гурӯҳҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет, хислати зиддиинсонии амалҳои содиркардаи ин гурӯҳҳо ва ҳамчунон аҳамияту зарурати риояи қонунгузории давлати  иқомат (Россия) ва эҳтиром гузоштан ба урфу одати дигар миллату халқият суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Раиси Шӯрои уламои  вилояти Свердловск Абдулқуддус Ашарин  дар хусуси ба меъёрҳои дини   ислом  мухолиф будани амалҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мисолҳои мушаххас овард.

Дар конфронс ҳамзамон намояндагони субъектҳои  хоҷагидори дар шаҳри Екатеринбург фаъолияткунанда низ ширкат варзиданд. Онҳо аз нарасидани қувваи корӣ дар бозори меҳнати минтақаи Урал сухан гуфта, хостори мусоидат намудан барои баргаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба минтақа ҷиҳати фаъолият   дар корхонаҳо  шуданд. Зикр гардид, ки онҳо омодаанд бо риояи ҳама гуна қоидахои беҳдоштӣ муҳоҷирони меҳнатиро қабул намуда, бо ҷойи хоб ва кори доимӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки онҳо низ дар навбати худ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавриди риояи қонунгузорӣ, дури ҷустан аз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Аъзои Ҷамъияти тоҷикон  дар шаҳри Екатеринбург дар ин конфронс иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷумла, роҳбари Хонаи мардумони Урал Фаррух Мирзоев,   устоди Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал Сайидалӣ Соҳибов, имомхатиби масҷиди шаҳри Екатеринбург Маҳмадюсуф Сандалов, соҳибкори муваффақ ва фаъоли ҷамъиятӣ Сайвалӣ Идиев, муовини роҳбари филиали бонки “Солидарность” дар шаҳри Екатеринбург Ибодулло Саидмуродов ва дигар фаъолони ҷамъияти тоҷикон ширкат варзиданд.

Дар анҷоми конфронс бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон ва ҷавонон аз ҷониби намояндагони Консулгарӣ дар шаҳри Екатеринбург ва  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия даъват  ба амал оварда шуд, ки масъулини ҷамъият ва дигар нафарони бо муҳоҷирон сару кор дошта  ба тамоми мардум, хусусан ба ҷавонону донишҷӯён пайваста талқин намоянд, ки бояд ба хондан ва касбу ҳунаромӯзӣ  машғул бошанду муҳоҷирони меҳнатӣ бо тартиби нақшаи корфармо амал намуда,   фирефтаи ягон нафар ё гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Январь 29, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд