Дар Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президент таъсис дода мешавад

Январь 26, 2021 12:32

ДУШАНБЕ, 26.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президент чораҷӯӣ намоянд.

Бино ба суханони Сарвари давлат, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” таъсис дода хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки то охири соли 2020 дар асоси «Консепсияи иқтисоди рақамӣ» «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода 18 январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар доираи гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ таҳия ва охири моҳи декабри соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ирсол гардидааст.

«Мақсади таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҷорӣ намудани технологияиҳои иттилоотонии рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Барномаи мазкур барои гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар намудани  сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият, содагардонии расмиёт ва ҷалби технологияҳои муосир мусоидат менамояд», — илова намуд А. Солеҳзода.

Январь 26, 2021 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид