Дар Тоҷикистон беш аз 2,2 миллион тонна «тиллои сиёҳ» истихроҷ гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Тоҷикистон 2 миллиону 29 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2019 1,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз миқдори умумии ангишти истихроҷгардида 1196,8 ҳазор тонна ё 59 фоизро корхонаҳои давлатӣ ва 832,3 ҳазор тонна ё 41 фоизро корхонаҳои хусусӣ истихроҷ намудаанд.
Сардори раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки соли гузашта аз 9 корхонаи амалкунандаи соҳаи саноати ангишт 8 корхона дар 7 кон фаъолият намуда, 1 корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномааш фаъолият накард. Мавсуф афзуд, ки мутобиқи ҳисоботи пешниҳодшуда, захираи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳа то 1 январи соли 2021 беш аз 437,6 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.
Соли сипаригардида корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт дар маҷмӯъ 2046,3 ҳазор тонна ангишт фурӯхтаанд. Аз ҷумла, 526,4 ҳазор тонна ба аҳолӣ, 1482,1 ҳазор тонна ба корхонаҳои саноатӣ-энергетикӣ ва 35,1 ҳазор тонна ба муассисаҳои буҷетӣ. Аз ҳаҷми ангишти ба корхонаҳо фурӯхташуда 1145,5 ҳазор тонна ба Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. Ба дигар корхонаҳои саноатӣ 336,6 ҳазор тонна ангишт интиқол ёфтааст.
Ҳамзамон бо мақсади тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 25 адад техникаҳои карйерӣ ва таҷҳизоти нави шахтавӣ ба маблағи 14517,9 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи саноати ангишт ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, аз тарафи КФ Шахтаи «Фон-Яғноб»-18 адад ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ, ҶСК «Ангишт»- 2 адад ба маблағи 57,4 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Ангишти Камароб»-1 адад ба маблағи 230,2 ҳазор сомонӣ ва Департаменти истироҷи ангишти ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик»-1 адад ба маблағи 11 миллион сомонӣ. Инчунин соли гузашта барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ 782 адад техника ва таҷҳизот ба кор сафарбар карда шудаанд, ки аз ин 434 адад техникаҳои карерӣ ва 348 адад таҷҳизоти шахтавӣ мебошанд.
Корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ афзуд, ки дар ин давра дар соҳаи саноати ангишт беш аз 1700 нафар коргарону мутахассисон фаъолият намуда, музди миёнаи меҳнати коргарон 1959 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон соли 2020 дар ҳаҷми 7,8 миллион метри мукааб корҳои қабаткушоӣ ба анҷом расонида шудаанд ва мутаносибии корҳои қабаткушоӣ нисбат ба истихроҷи ангишт ба ҳисоби миёна ба 4,4 метри мукааб/тонна баробар мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар корхонаҳое, ки истихроҷи ангишт ба тарзи зеризаминӣ ба роҳ монда шудааст, ба миқдори 11,0 ҳазор метри тӯлонӣ корҳои нақбканию омодасозӣ иҷро шудаанд.
Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат мегӯяд, ки барои таъмини муқаррароти «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» лоиҳаи «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» таҳия гарида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.








Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд






